Пеш аз оғози бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар гурӯҳи «А», ки дар шаҳри Душанбе мегузарад, дастаҳои ширкаткунанда дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси» дар ҷаласаи пешазбозӣ бо ҳам омаданд.
Дар нишаст намояндагони дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон, Урдун, Баҳрайн, Ироқ, Амороти Мутаҳидаи Араб ва Филиппин, инчунин намояндагони ФФТ ва хадамоти масули баргузории бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар Душанбе ширкат карданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа ранги либосҳои бозии дастаҳои ширкаткунанда муайян ва тасдиқ карда шуд. Акнун дастаҳо бо ин либосҳо вориди майдони вохӯрӣ мешаванд.
Дар бозии аввали худ футболбоздухтарони тоҷик бо пироҳанҳои сурх дар муқобили дастаи мунтахаби Ироқ, ки бо либосҳои сабз ба майдон меояд, рақобат мекунанд.
Дар даври дуввум футболбозони мо дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Баҳрайн (5-уми апрел) либосҳои сабз ба бар мекунанд, баҳрайниҳо бошанд, ба пироҳанҳои сафед вориди майдон мешаванд.
Дар даври сеюм, 7-уми апрел ба ҳайси мизбон дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Филиппин қувва меозмояд ва либосҳои бозии ранги сурх мепӯшад. Филиппин дар ин рӯз пироҳанҳои ранги зард ва сафедро интихоб кардааст.
Дар бозии рӯзи 10-уми апрел бо дастаи мунтахаби Урдун бонувони мо боз бо пироҳанҳои ранги сурх ва дар бозии охирини худ дар муқобили дастаи мунтахаби Амороти Мутаҳидаи Араб 12-уми апрел бо либосҳои ранги сабз вориди бозӣ мешаванд.
Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар гурӯҳи «А» имрӯз, соати 13:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шурӯъ гардид. Аввалин шуда ба майдон дастаҳои мунтахаби бонувони Баҳрайн ва Урдун ворид шуданд.
Дар бозии дуввуми рӯз, соати 16 дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо Ироқ қувва меозамоянд. Баъдан дар соати 19:00 футболбоздухтарони Филиппин ва Урдун ба дидори ҳам мераванд.
Барои мухлисон ба Варизшгоҳ ворид шудан ройгон аст.
Дар давоми бозиҳои интихобӣ дар шаҳри Душанбе 15 вохӯрӣ баргузор мегардад. Дар маҷмӯъ дар Осиё дар 4 гӯрӯҳ бозиҳои интихобии гузаронила мешаванд ва ғолибони ҳар 4 гурӯҳ ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё-2018, ки дар Урдун мегузаранд, роҳхат мегиранд.
Дастаи мунтахаби бонувони Урдун ба ҳайси мизбони бозиҳои финалӣ аллакай ҳаққи иштирокро дар финал пайдо кардааст ва дар ин бозиҳо берун аз озмун ширкат менамояд. Агар футболбозони ин даста дар Душанбе ғолиби гурӯҳи «А» гарданд, пас соҳиби мақоми дуюм мустақиман ба бозиҳои ниҳоӣ меравад.