Клуби футболи «Барқчӣ», ки заминаи асосии дастаи мунтахаби ҷавонони кишварро ташкил медиҳад, имсол дар шаҳри Ҳисор маскан гирифта, бозиҳои хонагии худро дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор барпо менамояд.
Ба вазифаи президенти клуб узви Кумитаи техникии ФФТ Лутфиддин Алимардонов пазируфта шудааст. Новобаста ба ду бохт дар оғози мавсими нави футбол аз «Истиқлол» бо натиҷаи 6:0 ва «Регар-ТадАЗ» 1:0 роҳаброни даста умед доранд, ки дар бозиҳои минбаъда натиҷа беҳтар хоҳад шуд. Дар мусоҳиба ба сомонаи ФФТ Лутфиддин Алимардонов гуфтааст: «Қуракашии ҷадвали мусобиқот барои мо он қадар хуб наомад ва дар оғоз бо дастаҳои пурзӯри мамлакат – «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ» ва «Ҳосилот» қувва меозмоем. Боварӣ дорам, ки дастаи мо дар ҷараёни мусобиқот мавқеи худро пайдо карда, бозии зебо нишон медиҳад ва дар ҷадвали мусобиқот ҷои сазоворро ишғол менамояд. «Барқчӣ»-ро «Ҳолдинги «Барқи тоҷик» сарпарастӣ мекунад.
Боиси хушнудӣ аст, ки бозии даври дуввумро дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор 2000 мухлис тамошо кард. Дар Ҳисор футболбро дӯст медоранд. Боварӣ дорам, ки шумораи мухлисон боз ҳам бештар мегардад.
«Барқчӣ» асосӣ дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакатро ташкил медиҳад ва тирамоҳ, моҳи ноябри соли равон дар Бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2018 ширкат менамояд. Мақсади асосии «Барқчӣ» тайёр кардани футболбозон барои дастаи муқнтахаби Тоҷикистон ва ҳамчуни дастаи ҷавонони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар назди дастаи мунтахаби ҷавонон мақсад гузоштӣа шудааст, ки ба бозиҳои финалии чемпионати Осиё-2018 роҳхат гирад», – ҷамъбаст кардааст, Лутфиддин Алимардонов.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дастаи «Барқчӣ» дар даври сеюми чемпионати Тоҷикистон бо дастаи «Ҳосилот» дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор вориди майдон мешавад.
Дар Варзишгоҳи марказии пойтахт низ КМВА «Помир» бо «Хуҷанд» ва «Истиқлол» бо «Регар-ТадАЗ» қувва меозмоянд.