14-уми март, соати 18:30 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бозии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо ширкати дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Дордой»-и Қирғизистон доир мешавад. Аз ин хотир барои мухлисони сершумори сомона дастаи «Дордой»-ро муаррифӣ мекунем.
«Дордой»-и Бишкек аз беҳтарин дастаҳои кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя – Қирғизистон буда, бо дастовардҳояш дар ин сарзамин ба худ назир надорад.
«Дордой» ҳанӯз соли 1997 аз ҷониби тоҷир – Аскар Салимбеков ҳамчун клуби футбол дар асоси бозингарони дастаи «Семетей» таъсис дода шуда, дар аввалин соли ҳунарнамоӣ дар Чемпионати Қирғизистон мақоми 8-умро соҳиб шуд. «Дордой» низ мисли дигар дастаҳои Осиёи Марказӣ борҳо номи худро дигар кардааст. Солҳои 1997-1998 ин даста бо номи «Дордой-Нарин», 1998 «Дордой-Жаштик-Скиф», 1999-2004 «Дордой-Динамо» ва баъдан аз соли 2010 бо номи «Дордой» дар Чемпионати Қирғизистон баромад мекард.
Таърихи навини дастаи «Дордой» аз омадани мутахассиси рус Сергей Дворянков сарчашма мегирад. Ҳашт маротиба унвони чемпиониро ба даст оварданаш далел ба ин гуфтаҳост. Дастовардҳои «Дордой» дар ин солҳо чунин аст:
Чемпионати Қирғизистон
Чемпион (9): 2004, 2005, 2006, 2007, 2008, 2009, 2011, 2012, 2014.
Витсе-чемпион (1): 2010, 2015, 2016
Мақоми сеюм (3): 2001, 2002, 2003
Ҷоми Қирғизистон
Ғолиб (6): 2004, 2005, 2006, 2008, 2010, 2012
Суперҷоми Қирғизистон
Ғолиб (3): 2012, 2013, 2014
Финалист (1): 2011
Ҷоми президенти КФО
Ғолиб (2): 2006, 2007
Финалист (2): 2005, 2008, 2009, 2010
Мақоми 3-4 (1): 2012
Дастаҳои Тоҷикистон бо «Дордой» дар силсилаи рақобатҳои Ҷоми президенти КФО 5 маротиба бо ҳам рӯ ба рӯ шудаанд. Соли 2005 «Регар ТадАЗ» бо роҳбарии Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, ҳоло сармураббии дастаи «Ҳосилот»-и Фархор дар бозии финалӣ, ки дар кишвари Непал баргузор шуд, қувва озмуданд. «Регар ТадАз» бо ҳисоби калони 3:0 дастболо гардид. Бозии дуввуми худро ин дастаҳо бо натиҷаи мусовӣ (1:1, аз пеналтӣ 4:3, соли 2008) анҷом доданд ва «Регар ТадАз» аз зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ ба ғалаба шарафёб гашт. Ниҳоят соли 2009 бори дигар футболбозони шаҳри Турсунзода футболбозони қирғизистонии худро дар симои «Дордой-Динамо» бо нишондоди 2:0 мағлуб карданд.
«Дордой» соли 2006 бар дастаи дигари Тоҷикистон-«Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 2:1 дар финал ғолиб омадааст.
Соли 2007 бори дигар «Дордой» ғолиби Ҷоми президенти КФО гардид. Дар бозии финалӣ дар шаҳри Панҷоб қирғизҳо бар дастаи «Маҳендра»-и Непал бо натиҷаи 2:1 пирӯз гардиданд.
Имсол дастаи «Дордой» мисли «Ҳосилот» барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО дар бозии интихобӣ бар КФ «Балкан»-и Туркманистон дар ду вохӯрӣ (1:1, 2:1) ғолиб омад ва дар бозии плей-офф бо дорандагони медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон «Ҳосилот»-и Фархор дар ду вохӯрӣ ба комёбӣ мушарраф гардид.
Бозии аввал дар шаҳр Ӯш бо натиҷаи 1:0 ба фоидаи соҳибони майдон ва дар Душанбе 1:1 мусовӣ ба поён расид ва аз натиҷаи ду бозӣ қирғизҳо ба гурӯҳи «Д»-и минтақаи марказ шомил шуданд.
КФ «Додой» бозиҳои хонагии худро дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Бишкек, ки 23 000 ҷои нишаст дорад, барпо мекунад. Бино ба хабари «fc-dordoi.kg» сармураббии даста Руслан Сидиқов ёд мешавад, аммо дастаро Мурат Ҷумакеев ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ ба Тоҷикистон овард. Дар варзишгоҳзи марказии пойтахт бошад, Руслан Сиддиқов дастаро роҳбарӣ намуд.
«Дордой» дар вохӯрӣ бо «Ҳосилот» бо чунин ҳайат ба майдон омад:
«Дордой» (Бишкек): Валерий Кашуба, Курсанбек Шератов, Анатолий Власичев, Ислам Шамшиев, Кайрат Жиргалбек Уулу, Марат Аджиниязов (Адил Бекболотов, 73), Азиз Сидиқов (Мустафа Юсуфов, 90+2), Бактай Талайбек Уулу, Алишер Азизов, Авазбек Откеев (Мирбек Ахматалиев, 80), Егор Потапов.