Ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва клуби футболи «Оренбург» -и Россия Фарҳод Восиев ба тариқи иҷора ба дастаи «Истиқлол» гузашт. Дар ин бора сомонаи расмии КФ «Истиқлол» хабар дод.
Тавре гуфта мешавад, КФ «Истиқлол» барои иштирок дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), ки 14 март бо вохӯрии байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Дордой»-и Бишкек дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз мешавад, хати ҳимояи худро бо омадани Фарҳод Восиев пурқувват кард. Муҳлати шартнома то тобистони соли равон муайян шудааст.
Фарҳод Восиеви 26-сола пештар дар дастаҳои футболи Россия, аз ҷумлаи «Сатурн», «Криля Советов», «Жемчужина-Сочи», «Шинник», «Волгар» ва «Оренбург» ҳунарнамоӣ карда, аввалин бозиашро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» бо «Барқчӣ» 8 март мегузаронад. Ӯ таҳти рақами 7 ба майдон хоҳад омад.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (то 17-сола) дар бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон иштирок карда, то 1/8 -финал баромадааст. Аз соли 2007 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон буда, дар ҳайати он 10 бозӣ гузаронидааст.