Муҳофизатгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Давронҷон Эргашев бо клуби футболи «Тараз»-и Қазоқистон шартномаи навро ба тасвиб расонд.
Футболбози 28-солаи тоҷикро дар Қазоқистон аз рӯи баромадаш дар дастаҳои «Тараз» ва «Жетису» хуб мешиносанд. Эргашев дар премер-лигаи ин кишвар 72 бозӣ гузаронида 2 гол задаст.
Акнун Давронҷон дар ҳайати «Тараз» дар лигаи якуми Қазоқистон карераи бозикунияшро идома медиҳад.
Шартномаи футболбози тоҷик бо клуби футболи «Тараз» то охири мавсими футболи имсола эътибор дорад.