Рақибони мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Рақибони мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон маълум шуданд

Рӯзи 21-уми январ, дар шаҳри Аммани давлати Урдун қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби миллии футболи занона доир гардид, ки аз рӯи он рақибони мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон маълум шуданд.

Бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 чор гурӯҳ – се гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ ва як гурӯҳ иборат аз шаш даста – таъсис ёфтанд. Мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо Урдун, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ ва ИМА рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «В» Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон, Ҳонконг, Ҳиндустон ва Кореяи Шимолӣ дохил шуданд. Ба гурӯҳи «С» Тайланд, Тайван, Лубнон, Фаластин ва Гуам, ба гурӯҳи «D» Ветнам, Мянмар, Эрон, Сурия ва Сингапур шомиланд.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи «А» аз 3 то 12 апрел дар Душанбе баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби занонаи Урдун, ки ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2018 мустақиман ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтааст, дар сабқати нитихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Агар Урдун ғолиби гурӯҳ шавад, он гоҳ дастае, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи дувумро мегирад, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳ меёбад.

Ғолибони чор гурӯҳи марҳилаи интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳхат мегиранд. Ба ғайр аз Урдун, се дастаи беҳтарини охирин чемпионати Осиё, ки соли 2014 дар Ветнам доир шудааст, яъне Ҷопон, Австралия ва Чин, ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф гаштаанд.

 

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби занона:

Гурӯҳи «А»: Урдун, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ, ИМА, ТОҶИКИСТОН (мизбон).

Гурӯҳи «В»: Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон, Ҳонконг, Ҳиндустон, Кореяи Шимолӣ (мизбон).

Гурӯҳи «С»: Тайланд, Тайван, Лубнон, Фаластин (мизбон), Гуам.

Гурӯҳи«D»: Ветнам (мизбон), Мянмар, Эрон, Сурия, Сингапур.

Добавить комментарий