«Истиқлол» дар Туркия бо клубҳои футболи Аврупо бозиҳои санҷишӣ мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» дар Туркия бо клубҳои футболи Аврупо бозиҳои санҷишӣ мегузаронад

Ҳарифони чемпиони панҷкаратаи футболи Тоҷикистон, «Истиқлол»-и Душанбе дар ҷамъомади омӯзишӣ-машқии Туркия маълум шуданд.

Бозии аввали худро «Истиқлол» рӯзи 19 январ бо чемпиони дукаратаи Озарбойҷон, клуби футболи «Интер» (Боку) мегузаронанд. Рӯзи 23-юми январ бошад «Истиқлол» бо «Қайсар», ки дар премер-лигаи Қазоқистон баромад мекунад, бозии санҷишӣ хоҳад гузаронд. Рақиби чемпиони мо дар бозии сеюми санҷишӣ бошгоҳи футболи «Пандурий» аз лигаи олии Руминия мешавад. Ин бозӣ рӯзи 26 январ баргузор мегардад. Бозии санҷишии ҷамъбастии худро дар доираи ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ дар Анталия бошад, дружинаи Муҳсин Муҳаммадиев бо «Енисей» -и мегузаронад. Клуби футболи «Енисей»  дар Лигаи якуми Русия баромад мекунад.

Ҳамаи бозиҳои «Истиқлол» дар майдони тамринии меҳмонсарои «The Sense Deluxe» дар Анталия баргузор мешаванд. Бозии пагоҳи «Истиқлол» бо «Интер» соати 15.00 (соати 18.00 ба вақти Душанбе) доир мешавад.

 

Бозиҳои санҷишии «Истиқлол» дар Анталия

19 январ (панҷшанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ДУШАНБЕ, ТОҶИКИСТОН) – «Интер» (Боку, Озарбойҷон)

23 январ (душанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ДУШАНБЕ, ТОҶИКИСТОН) – «Қайсар» (Қизилорда, Қазоқистон)

26 январ (панҷшанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ДУШАНБЕ, ТОҶИКИСТОН) – «Пандурий» (Тиргу-Жиу, Руминия)

30 январ (душанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ДУШАНБЕ, ТОҶИКИСТОН) – «Енисей» (Красноярск, Русия)

Добавить комментарий