«Истиқлол» дар бозии санҷишӣ бар «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби калон пирӯз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» дар бозии санҷишӣ бар «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби калон пирӯз шуд

Чемпиони феълии футболи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии санҷишӣ «Регар-ТадАз»-и Турсунзодаро бо ҳисоби калон мағлуб сохт. Бозӣ рӯзи 13 январ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Вохӯрӣ бо ҳисоби калони 5 бар 1 ба фоидаи футболбозони дастаи пойтахт анҷом ёфт. Голҳои «Истиқлол»-ро Фатҳулло Фатҳуллоев (дақиқаи 18), Манучеҳр Ҷалилов (дақиқаи 45+1 аз пеналтӣ), Сиёвуш Асроров (дақиқаи 68), Ромиш Ҷалилов (дақиқаи 78) ва Юрий Верешак (дақиқаи 89). Голи таскинбахши «Регар-ТадАз»-ро Давронҷон Тухтасунов ба самар расонд.

Бозии навбатии санҷишии худро «Истиқлол» рӯзи якшанбеи 15 январ, муқобили «Ҳосилот»-и Фархор мегузаронад. Ин бозӣ низ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Оғози бозӣ соати 15.00 муқаррар шудаст. Дружинаи Муҳсин Муҳаммадиев ҷамъомади дуюми омӯзишӣ-машқии худро бо бозии санҷишӣ муқобили «Ҳосилот» анҷом карда, рӯзи сешанбеи 17-уми январ ҷиҳати баргузории ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ ба Туркия сафар мекунад. Дар ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ баргузории чор бозии санҷиши «Истиқлол» бо бошгоҳҳои футболи хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.    

 

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 5:1

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 18 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 45+1 – аз пеналти (2:0). Сиёвуш Асроров, 68 (3:0). Ромиш Ҷалилов, 78 (4:0). Давронҷон Тухтасунов, 83 (4:1). Юрий Верешак, 89 (5:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич (Беҳрӯз Хайриев, 68), Дэвид Мавутор (Фаридун Шарипов, 46), Амирбек Ҷӯрабоев, Масиҳ Саидғанӣ (Соҳиб Саванкулов, 55), Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 55), Сиёвуш Асроров, Александр Кулинитс (Муҳаммад Ҷавед Будеш, 58), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ромиш Ҷалилов, 46), Ҷаҳонгир Алиев (Дилшод Восиев, 55), Дмитрий Барков (Сӯҳроб Ҷалилов, 68), Манучеҳр  Ҷалилов (Юрий Верешак, 58).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Владимир Сисоев, Алишер Шарипов, Бахтиёр Қаландаров, Дороб Эргашев, Акбар Бобомуродов, Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Фирӯз Қараев, Ҳикматулло Расулов, Фирӯз Раҳматов, Дилшод Бозоров.

Дар ивазшавӣ ба майдон баромаданд: Равшан Аскаров, Фарҳод Холбеков, Фаррух Чориев, Шерзод Муҳаммадиев, Хуршед Бекназаров, Амир Шайхов, Азим Тошев.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Дилшод Восиев («Истиқлол»).

Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров, Муҳаммад Ҷавад Бадеш («Истиқлол»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

13 январ. Душанбе.Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

Добавить комментарий