Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) Виталий Левченко дар нишасти хабарии баъд аз бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ бо Эстония (1:1) барои саъю кӯшишашон ба шогирдони худ изҳори миннатдорӣ намуд.
«Барои доварии оне, ки дар ин бозӣ бартарӣ ҷониби кадом даста буд, бояд ба далелҳои оморӣ назар кард. Имрӯз ин имкониятҳо хеле зиёд ҳастанд. Ман ба онҳое, ки мегӯянд бозии имрӯза баробар буд, ҳеҷ розӣ шуда наметавонам. Ба ман чӣ имрӯз бисёр хуш омад? Дар мо бозӣ ҳаст, коллектив аст, шавқу рағбат аст. Бачаҳо бо хоҳиши зиёд ба майдон мебароянд ва ин маро бисёр хурсанд мекунад. Аз ҳамин ҷиҳат, ман ба бачаҳо барои бозияшон, барои саъю кӯшиш карданашон ва барои иродаи қавӣ доштанашон миннатдорӣ баён мекунам. Инчунин бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба мухлисони дастаи худ низ барои ҳаводрии ҳамаҷонибаашон миннатдорӣ изҳор кунам. Футбол барои мухлисон аст ва хурсандам, ки мухлисони футболи ватанӣ моро дар чунин мусобиқаҳо самимона дастгирӣ мекунанд. Дар бораи бозӣ бошад ҳаминро илова карданиям, ки манн ба бачаҳои худ ҳамеша таъкид мекунам, ки фаъолона бозӣ кунанд. Махсусан, ба бозигарони хати ҳуҷуми даста. Фардият он гоҳ зоҳир мешавад, ки футболбоз кӯшиши иҷро кардани амали хосеро мекунад. Ман ҳамеша ба ҳамлагарони дастаи худ таъкид мекунам, ки дар назди ҷаримагоҳи дастаи ҳариф овораи партофтҳо нашаванд, балки баръакс нотарсона кӯшиши ворид шудан ба ҷаримагоҳ ва ё зарба задан ба дарвозаи рақибро кунанд. Айни замон бачаҳои ман ба такмили дараҷаи касбӣ зарурат доранд. Мо аз болои ин кор мекунем ва ба оянда ба назари нек менигарем».