Имрӯз, 29 июл, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати роҳбари Кумита ҷаласаи навбатии Кумитаи интизомӣ баргузор шуд ва дар ҷаласа қарорҳои зерин қабул гардиданд:
– барои вайрон кардани банди 23 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (барқасдона бо пой зарба задан ба бозигари дастаи ҳариф) дар бозии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Канд” – “Барқчӣ” (24 июл), бозигари дастаи “Барқчӣ” Зиёвуддин Фузайлов аз ҳууи иштирок кардан дар 2 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 24 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (қасдан задани бозигари ҳариф) дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Исфара” – “Зарафшон” (19 июл) бозигари дастаи “Зарафшон” Нормаҳмад Бегов аз ҳақи иштирок дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 24 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (қасдан задани бозигари ҳариф) дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Исфара” – “Зарафшон” (19 июл) бозигари дастаи “Исфара” Сӯҳроб Баҳодуров аз ҳақи иштирок дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 3 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду бор бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Локомотив” – “Коммуна” (20 июл) бозигари дастаи “Локомотив” Умедҷон Бадалов аз ҳақи иштирок кардан дар 1 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 3 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду бор бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии марҳилаи 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Парвоз” – “Ваҳдат” (24 июл) бозигари дастаи “Ваҳдат” Маҳмадалӣ Муҳаммадраҳимов аз ҳақи иштирок кардан дар 1 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 18 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири сардовари бозӣ) дар бозии марҳилаи 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Парвоз” – “Ваҳдат” (24 июл) бозигари дастаи “Ваҳдат” Суннатулло Мадалиев аз ҳақи иштирок кардан дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 13 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (риоя накардани низомномаи баргузории мусобиқа) дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Зарафшон” – “Кӯктош” (27 июл) дастаи “Зарафшон” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.