Бюрои Комиҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тағйроти ба тақвими бозиҳои ниммаи дуюми чемпионати мамлакат воридшударо тасдиқ кард.
Алоқамандона ба баргузории бозиҳои дӯстонаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо мунтахабҳи Сурия (27 август, Хуҷанд) ва Фаластин (6 сентябр, Хеврон) дар тақвими бозиҳои чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ ва мусобиқа барои дарёфти Ҷоми миллӣ тағйирот ворид карда шуд.
Ба ин тариб, бозиҳои даври 12-уми чемпионати дастаҳои лигаи олӣ ба вақти дигар гузаронида шуданд. Бозиҳо байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» – «Барқчӣ», «Парвоз» – «Равшан», КМВА «Помир» – «Вахш», ки мувофиқи тақвими тасдиқшудаи баргузории мусобиқа бояд рӯзи 27 август доир мешуданд, ба рӯзи 13 сентябр гузаронида шуданд. Бозиҳо байни дастаҳои «Истиқлол» – «Хайр» ва «Хуҷанд» – «Ҳосилот» бошанд аз 28 август ба 14 сентябр гузаронида шуданд.
Ҳамаи бозиҳои даври сенздаҳуми лигаи олӣ («Барқчӣ» – «Парвоз», «Равшан» – КМВА «Помир», «Вахш» – «Истиқлол», «Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ» ва «Хайр» – «Хуҷанд»), ки бояд рӯзҳои 3ғ4 сентябр доир мешуданд, рӯзи 2 ноябр баргузор хоҳанд шуд. Оғози бозиҳо соати 15:00.
Инчунин, бозиҳои якуми марҳилаи 1/2 финали Ҷоми Тоҷикистон, ки тибқи тақвими бозиҳо бояд рӯзҳои 1 ва 2 октябр доир мешуданд, ба вақти дигар гузаронида шуданд. Акнун, бозиҳои якуми ниманиҳоии Ҷоми миллӣ рӯзҳои 18 ва 19 октябр доир мешаванд.