Мутахассиси 38-солаи сербиягӣ Никола Лазаревич сармураббии нави дастаи футболи «Истқлол»-и Душанбе таъин шуд.
Лазаревичро мухлисони футболи тоҷик аз рӯи фаъолияти қаблияш дар «Истиқлол» хуб мешиносанд. Мутахассиси сербиягӣ пештар дар «Истиқлол» вазифаи мураббии омодагии ҷисмониро иҷро мекард. Вай дар ин вазифа Мубин Эргашевро, ки ду соли охир сармураббии даста буд, иваз намуд. Бо тавсияи сармураббии нави даста раҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” собиқ сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд Нумонҷон Юсуповро ёвари Никола Лазаревич таъин кард.
Никола Лазаревич рӯзҳои наздик ба Душанбе меояд. Дар айни ҳол ӯ дар давраҳои омӯзишӣ дар Академияи маҳорати мураббигии Иттиҳодияи футболи Русия барои гирифтани муҷҷавизи мураббигии дараҷаи «Pro» УЕФА ширкат мекунад. Ин муҷаввиз ба ӯ имкон медиҳад, ки ҳама гуна бошгоҳҳои кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва дастаҳои мунтахаби миллиро машқ бидиҳад. Дар давраи таҳсил вай дар бошгоҳҳои Аврупо, ба мисли «Атлетико» (Мадрид), «Копенгаген» (Дания), «Зенит» (Санкт-Петербург) ва «Базел» (Швейтсария) таҷриба андухтааст.