Имрӯз бегоҳӣ ҳайати намояндагии дастаи футболи «Локомотив»-и Москва барои иштирок дар бозии дӯстона бо «Истиқлол»-и Душанбе ба Тоҷикистон омад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмононро намояндагони расмии клуби футболи «Истиқлол», кормандони ВАО ва шумораи зиёди мухлисон гарму самимона истиқбол карданд. Ҳайати намояндагии «Локомотив» ба пойтахти Тоҷикистон дар шумораи 35 нафар ташриф овардаст, ки аз онҳо 22 нафарашон бозигаронанд. Сармураббии роҳиоҳанчиён, ҳамватани мо Игор Черевченко бо худ 2 дарвозабон, 6 муҳофиз, 9 ниммуҳофиз ва 5 ҳамлагарро ҳамроҳ овардаст.
Меҳмонони роҳиоҳанчӣ аз фурудгоҳ рост ба варзишгоҳ рафта тамрини пешазбозии худро гузаронданд. Тамринҳо бештар аз як соат идома ёфта, барои мухлисон ва кормандони ВАО ба таври кушода сурат гирифтанд.
Баъди гузаронидани тамрини пешазбозӣ ҳайати намояндагии «Локомотив» ба меҳмонхонаи панҷситорадори «Серена» роҳ гирифт, ки давоми будубоши худ дар Тоҷикистон он ҷо истиқомат хаҳад кард.
Пагоҳ 26 июн, дар конфронс- толори меҳмонхонаи «Сирена» нишасти хабарии пешазбозӣ бо иштироки сармураббиён ва як нафари бозигарони ҳар ду даста доир хоҳад шуд. Оғози нишасти хабарӣ соати 11.00.
Ҳайати «Локомотив» дар бозӣ бо «Истиқлол»:
Дарвозабонҳо: Иля Абаев, Антон Коченков;
Муҳофизон: Ренат Янбаев, Тарас Михалик (Украина), Виталий Денисов (Узбекистон), Неманя Пейчинович (Сербия), Арсений Логашов, Ҷамшед Раҳмонов;
Ниммуҳофизон: Александр Коломейтсев, Алексей Миранчук, Иван Лапшов, Дмитрий Тарасов, Дмитрий Баринов, Дмитрий Махатадзе, Иван Галанин, Владислав Игнатев, Алан Касаев;
Ҳамлагарон: Михаил Лисов, Александр Серахов, Петар Шкулетич (Сербия), Эзекиэл Хенти (Нигерия).
Ҳайати роҳбарикунанда: Кирилл Котов – директории варзишӣ, Игор Черевченко – сармураббӣ, Олег Пашинин – мураббии калон, Саркис Оганесян – мураббӣ, Владислав Тихонов – мураббии дарвозабонҳо, Андрей Дмитриев – мураббии омодагии ҷисмонӣ, Дмитрий Крайтор – сардори даста, Андрей Агапов – духтур, Сергей Хайкин – духтур, Сергей Семакин – масҳгар, Андрей Османов – масҳгар, Сергей Гришин – маъмур, Руслан Элдерханов – маъмур, Евгений Кириллов – дафтари матбуот.