Бригадаи довароне, ки бозии дӯстона байни «Истиқлол» – «Локомотив»-ро рӯзи 26-уми июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ хизматрасонӣ мекунад, маълум шуд.
Ин бозиро ёвари рефери ФИФА Баҳром Саъдуллоеви 42 сола аз шаҳри Қӯрғонтеппа ҳакамӣ мекунад. Саъдулоевро дар канори майдон Хусрави Сиддиқзод аз душанбе ва Сайвалӣ Турдиев аз Вахш кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Акмал Буриев аз Турсунзода ба зима ддорад. Нозири Доварон Абдураҳим Бобоев аз Турсунзода ва комисаари бозӣ Давлатманд Исломов аз Душанбе таъин шуданд.
Ёдрас мешавем, ки бозӣ рӯзи 26-уми июн, соати 21.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе доир мешавад. Баъд аз бозӣ аз рӯи билетҳои даромад, бозии лотореяи варзишӣ доир мегардад. Дар бозӣ чанд адад моделҳои навтарини смартфонҳои «Samsung Galaxy» ва бурди асосӣ – автомошинаи сабукрави тамғаи «Лада-Приора» бозӣ доронда мешаванд.