Охири ҳафтаи гузашта якумин ҷаласаи имсолаи Кумитаи интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон доир шуд. Дар ҷаласа таҳти раёсати раиси Кумита Тоҳир Нурзода қарорҳои зерин қабул шуданд:
– Барои халалдор кардани банди 16 боби 7 Кодекси ахлоқи ФФТ (бо роҳи дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ маҳрум кардани бозигари дастаи ҳариф аз ҳолати қуллайи голзанӣ) дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ миёни “Хайр” – “Равшан” (10 апрел) бозигари дастаи “Хайр” Идибек Ҳабибуллоев аз ҳақи иштирок дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои халалдор кардани банди 2 боби 6 Кодекси ахлоқи ФФТ (таҳқири ҳайати доварон) дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, миёни “Ҳосилот” – “Барқчӣ” (10 апрел) мураббӣ-мушовири дастаи “Барқчӣ” Роман Пилипчук ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои вайрон кардани банди 24 боби 7 Кодекси ахлоқи ФФТ (бо даст зарба задани ба шиками бозигари дастаи ҳариф) дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ миёни “Ҳосилот” – “Барқчӣ” (10 апрел) бозигари дастаи “Барқчӣ” Табрези Давлатмир аз ҳақи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои вайрон кардани банди 24 боби 7 Кодекси ахлоқи ФФТ (бо даст зарба задани ба рӯйи бозигари дастаи ҳариф) дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ миёни “Ҳосилот” – “Барқчӣ” (10 апрел) бозигари дастаи “Ҳосилот” Акуффо Гершон аз ҳақи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.