Мубин Эргашев: “Нафит Ал-Васат” назар ба мо хеле хуб бозӣ кард” – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: “Нафит Ал-Васат” назар ба мо хеле хуб бозӣ кард”

Баъд аз бохт дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016  аз “Нафит Ал-Васат” (0:2) сармураббии “Истиқлол” Мубин Эргашев дар нишасти хабарӣ иброз намуд, ки дастаи рақиб нисбат ба дастаи ӯ хеле хуб бозӣ кард.

 

Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”:

– Мехоҳам ба ҳамаи он мухлисоне, ки имрӯз ба варзишгоҳ омада моро ҷонибдорӣ карданд, сипосгузорӣ намуда, инчуни барои ин гуна бозии беҳунарона, ки бозигарони дастаи мо нишон доданд, аз онҳо пӯзиш хоҳам. Дастаи ҳарифро бошад ба ғалаба табрик мекунам. “Нафит Ал-Васат” имрӯз нисбат ба мо хеле хуб бозӣ кард. Имконият ҳама вақт ҳаст ва барои ин бояд то охир талош намуд.  Дар бозиҳои оянда моро зарур аст, ки ғолиб шуда, аз камтарин имкониятҳои худ истифода кунем. Бори дигар қайд мекунам, ки бо ҳарифони мо бозӣ кардану онҳоро мағлуб намудан имкон дорад. Ҳама чиз дар дасти худи мо аст. Вале, бадбахтии мо дар он аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода карда наметавонем. Мехоҳамм ба дарвозабонамон Никола Стошич, ки имрӯз зодрӯз дорад, сипосгузории алоҳида баён созам. Агар маҳорати хуби ӯ намешуд, имкони дучанд гардидани ҳисоби вохӯрӣ ҷой дошт. Аз бозии имрӯза бошад, ман танҳо умеди натиҷаи хубро доштам”.

 

Ҳамза Эл-Ҷамол, сармураббии “Нафит Ал-Васат:

– Ба ҷониби эронӣ барои истиқболи хуб ва муҳайё намудани шароит сипосгузорӣ баён мекунам. Ин ғалба барои мо хеле ммуҳим буд. Акнун мо бо шаш имтиёз имконияти хуби баромадан ба марҳилаи навбатии ммусобиқаро дорем. Ман қаблан низ гуфта будам, ки мо ҷонибҳои заиф ва қавии “Истиқлол”-ро хуб омӯхтем. Аз сабаби оне ки дар “Истиқлол” вингерҳои хуб бозӣ мекунанд, мо бозиро тавассути маркази майдон тобиш додем ва ба задани ду гол муваффақ шудем. Мо бояд панҷ- шаш гол мезадем. Мутаассифона ҳамаи лаҳзаҳои созмондодаи худро истифода карда натавонистем. Ман аз натиҷа розиям. Мо барои дар бозии навбатӣ муваффақ шудан аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем кард.

Добавить комментарий