Ҷоми КФО-2016: бохти “Истиқлол” аз “Нафит Ал-Васат» дар Теҳрон – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО-2016: бохти “Истиқлол” аз “Нафит Ал-Васат» дар Теҳрон

Чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар гурӯҳи “В” аз “Нафит Ал-Васат”-и Ироқ бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб шуд. Бозӣ шоми дирӯз, 15 март дар варзишгоҳи “ПАС”-и Теҳрон баргузор шуд. Голи аввалро Ҷасим Муҳаммад дар дақиқаи иловагии нимаи аввал ва голи дуввумро Мардик Мардикиан дар дақиқаи 70-ум ба ҳадаф расониданд.

Бозии дигар дар гурӯҳи “В” байни “Триполи” (Лубнон) ва “Ал-Файсалӣ” (Урдун) мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфт.  Баъд аз се давр дар ҷадвали мусобиқа тағйирот ба амал омад. “Нафит Ал-Васат” (Ироқ) бо 6 имтиёз ба зинаи якум баромада, “Ал Файсалӣ” бо 5 имтиёз зинаи дуюмро ишғол мекунад. “Триполи” (Лубнон) бо се имтиёз  дар зинаи сеюми ҷадвали гурӯҳ қарор дорад. “Истиқлол”, ки ҳамагӣ як имтиёз дорад, дар гурӯҳ мақоми охирро ишғол мекунад.

Бозии навбатии худро дар доираи ин мусобиқа “Истиқлол” рӯзи 12 апрел дар варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили “Нафт Ал-Васат” мегузаронад. Рӯзи 26 апрел бошад, “Истиқлол” дар сафар бо “Ал-Файсалӣ” вомехӯрад. Бозии ҷамъбастии чемпиони мо дар Ҷоми КФО-2016 рӯзи 10 май дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо “Триполи” доир мегардад.

 

Ҷоми КФО-2016. Гурӯҳи В. Даври 3-юм

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 2:0

Голҳо: Ҷассим Муҳаммад, 45+1 (1:0). Мардек Мардкиан, 71 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Петро Ковалчук, Аҳтам Назаров, Давронҷон Эргашев, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Нуриддин Давронов (к), Парвизҷон Умарбоев (Дилшод Восиев, 46), Ҷаҳонгир Алиев (Фаридун Шарипов, 78), Фатҳулло Фатҳуллоев (Акмал Холматов, 68), Александр Каблаш, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Алаа Имад («Нафит Ал-Васат»), Нуриддин Давронов, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Алиев, Давронҷон Эргашев, Александр Каблаш («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣСалих Садир («Нафит Ал-Васат»).

СардоварСухбир Сингх (Сингапур).

Комиссари бозӣ: Муҳаммадризо Касроӣ (Эрон).

15 март. Теҳрон. Варзишгоҳи «Пас». 150 тамошобинон.

 

«Триполи» (Лубнон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун) – 1:1

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) 3 2 0 1 4-2 6
2 «Ал-Файсалӣ» (Урдун) 3 1 2 0 3-2 5
3 «Триполи» (Лубнон) 3 1 1 1 3-3 4
4 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) 3 0 1 2 1-4 1

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 4-ум

12 апрел (сешанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Триполи» (Лубнон)

 

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Триполи» (Лубнон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

 

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Триполи» (Лубнон)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

Добавить комментарий