Муассисаи давлатии шабакаи телевизиони “Варзиш” бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро дар гурӯҳи “В” байни “Нафит Ал-Васат”-и Ироқ ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон ба таври мустақим намоиш медиҳад. Дар ин бора ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷонишини якуми директори ТВ “Варзиш” Парвиз Норов хабар дод.
Бози байни дастаҳои мазкур рӯзи 15 март дар варзишгоҳи “ПОС”-и шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон доир мегардад. Оғози бозӣ соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе).
Ёдрас мешавем, ки баъд аз ду давр дар гурӯҳи “В” “Ал-Файсалӣ” бо чор имтиёз пешсаф мебошад. “Нафит Ал-Васат” (Ироқ) ва “Триполи” (Лубнон) бо се имтиёзӣ мутаносибан зинаҳои дуюму сеюмро ишғол мекунанд. Чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бо як имтиёз дар зинаи охири гурӯҳ меистад.