Мубин Эргашев: “Моро бо “Нафит Ал-Васат” бозии мушкил дар пеш аст” – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: “Моро бо “Нафит Ал-Васат” бозии мушкил дар пеш аст”

Дар нишасти хабарии пеш аз бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 бо “Нафит Ал-Васат”-и Ироқ сармураббии “Истиқлол” Мубин Эргашшев иброз намуд, ки дастаи ӯро дар Теҳрон бозии мураккабу мушкил дар пеш аст.

 

Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”:

– Моро бозии мушкил бо рақиби пурқуввату тавоно дар пеш аст. Мо тамоми саъю кӯшишамонро барои ба даст овардани натиҷаи мусбат равона мекунем. Мо бозиҳои охири ироқиҳоро тамошо кардем ва “Нафит Ал-Васат”-ро хуб омӯхтем. Ин дастаи хеле ҷиддист ва бозигарони моҳир дорад. Дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии  Ҷоми имсолаи  КФО  мо ба мағлубият дучор шудем, вале имкон дорем, ки вазъиятро ислоҳ намоем. Мо комилан умед дорем, ки ба даври баъдӣ роҳ меёбем. Инчунин мехоҳем ба мизбонон барои пазироии самимонаашон сипосгузорӣ баён намоем. Ягона камбудие, ки мехоҳам онро баён созам, ин сифати майдони тамриние буд, ки ба мо онро пешниҳод карданд. Ба назари инфиродии ман ин майдон ба меъёрҳои Конфедератсияи футболи Осиё ҷавобгӯ намебошад ва дар чунин майдон машғулиятҳои тамриниро гузаронидан мумкин нест.

 

Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, муҳофизатгари “Истиқлол”:

– Мо бо мақсади ба даст даровардани се имтиёз ба ин ҷо омадем. Ҳолати ҷадвали мусобиқа моро вазифадор месозад, ки танҳо барои ғалаба бозӣ кунем. Ману ҳамдастаҳоям мақсади расидан ба ғалаба ва тағйир кардани ҷадвали мусобиқаро дорем.

 

Ҳамза АлҶамол, сармураббии “Нафит Ал-Васат:

– Мутахассисони фаннии мо бозиҳои “Истиқлол”-ро пура таҳлил карда хулосаи заруриро баровардем. Мо дастаи тоҷикро хуб медонем. Барои бозии пагоҳ бошад мо ду нақша дорем, ки онҳоро дар ҳар қисм ба алоҳидагӣ амалӣ хоҳем кард. Баъд аз бохт бо “Ал-Файсалӣ» дар Амман моро дар ин бозӣ танҳо ғалаба зарур аст. Мо вазифадорем, ки дар ин бозӣ ғолиб шавем. Дар акси ҳол имкониятҳоямон барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳӣ хеле маҳдуд мешаванд.

Добавить комментарий