Ғалабаи «Истиқлол» бар «Виттлих» дар бозии санҷишӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи «Истиқлол» бар «Виттлих» дар бозии санҷишӣ

Чемпиони чоркаратаи футболи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии санҷишӣ бар «Виттлих»-и Олмон бо ҳисоби калони 4 бар 0 пирӯз шуд.  Ин бозии севуми санҷишӣ дар шаҳри Анталияи Туркия дар доираи омодагии футболбозони Душанбе ба Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 шаби сешанбеи 9-уми феврал баргузор шуд. Се голро Манучеҳр Ҷалилов ва яктоашро Дилшод Восиев заданд. «Истиқлол» бозии аввали санҷиширо 3-юми феврал ба дастаи «Варда»-и Маҷористон бо ҳисоби 1:3 бохта, бозии  дувуми санҷиширо бо «Тараз»-и Қазоқистон мусовӣ 2:2 анҷом карда буд. Бозии ҷамъбасти санҷишии чемпиони мо дар ҷамъомади омӯзишӣ-машқии Анталия бо чемпиони дукаратаи Қазоқистон, клуби футболи «Шахтёр», рӯзи 12 феврал доир мешавад.

 

Бозии санҷишӣ

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «ВИТТЛИХ» (ОЛМОН) – 4:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 23 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 62 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 67 (3:0). Дилшод Восиев, 87 (4:0).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров (Амирҷон Сафаров, 85), Давронҷон Эргашев, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Дилшод Восиев, 46), Аҳтам Назаров (Сӯҳроб Ҷалилов, 85), Нуриддин Давронов (Фаридун Шарифов, 42), Парвизҷон Умарбоев (Ҷаҳонгир Ҷалилов, 46), Акмал Холматов (Зиёвуддин Фузайлов, 72), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Алиев, 46), Александр Каблаш (Нозим Бобоҷонов, 46), Манучеҳр Ҷалилов (Ролф Сатторов, 72).

Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов, Давронҷон Эргашев.

9 феврал. Анталия (Туркия). Майдони футболи меҳмонхонаи «Мардон Палас».

Добавить комментарий