«Хуҷанд» ҷамъомади дуюми худро дар Душанбе оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

«Хуҷанд» ҷамъомади дуюми худро дар Душанбе оғоз кард

Витсе-чемпиони Тоҷикистон, бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд рӯзи 27 январ, дар Душанбе ҷамъомади омӯзишӣ-машқии дуюми худро ҷиҳати иштирок дар бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2016 оғоз кард. Рақиби дастаи соҳили Сирдарё дар бозии плей-офф бошгоҳи футболи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин мебошад.

Дружинаи Нумонҷон Юсупов машғулиятҳои ду вақтинаи худро ҳамарӯза дар майдони сабзааш маснуии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мегузаронад. Дар ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ  баргузории ду бозии санҷишии «Хуҷанд» бо бошгоҳҳои футболи шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудаст. Бозии аввал рӯзи ҷумъаи 29 январ соати 15.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо «Истиқлол»-и пойтахт доир мешавад.

Ҳарифи дуюми бозии санҷишӣ баъдтар маълум мешавад. Ҷамъомади омӯзишӣ-машқии душанбегии «Хуҷанд» то 5 феврал идома ёфта, рӯзи шанбеи 6 феврал, даста бо хатсайри ҳавоии транзитӣ тавассути Дубай ба Фаластин сафар мекунад. Бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2016 бо «Аҳли Ал Халил» рӯзи 9 феврал дар Хеврони Фаластин доир мешавад. Дар сурати муваффақ шудан дар ин бозӣ «Хуҷанд» ба гурӯҳи «D» ҳамроҳ шуда, бо «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Умон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия рақобат мекунад.

Добавить комментарий