Мансур Мамадбобоев капитани мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2016 интихоб шуд. Мусобиқаи мазкур аз 10 то 21 феврал дар Тошканди Узбекистон доир мешавад.
Чемпионати Осиё-2016 барои Мансур Мамадбобоеви 24-сола чорумин маҳсуб меёбад. Мансур қаблан дар марҳилаҳои финалии ин мусобиқа дар Узбекистон (2010), Имороти Муттаҳидаи Араб (2012) ва Ветнам (2014) иштирок намудааст.
Дар чемпионати Осиё-2016, ки аз рӯи ҳисоб 14-ум мебошад, мунтахаби миллии футзали Точикистон дар гурӯҳи «С» баромад мекунад. Ҳарифони футзалистони мо дар гурӯҳ мунтахабҳои футзали Таиланд (11 феврал), Ветнам (13 феврал) ва Тайбэи Чин (15 феврал) мебошанд.