Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон омодагии дуюми худро оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон омодагии дуюми худро оғоз кард

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон омодагии дуюми худро ба бозиҳои сабқати байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 оғоз намуд. Мунтахаби ҷавонон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрин мекунад.

Ба ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ сармураббии даста, мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук 21 нафар бозигаронро даъват кардаст, ки аз инҳо 3 нафарашон дарвозабон, 7 нафарашон муҳофизон, 8 нафарашон ниммуҳофизон ва 3 нафарашон ҳамлагарон мебошанд.

Дар доираи ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ гузаронидани ду бозии санҷишӣ низ ба нақша гирифта шуда аст. Рӯзи панҷшанбеи 7-уми январ даста бо чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе бозии санҷишӣ мегузаронад. Ин бозӣ соати 15.00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Рақиби дуюми даста дар бозии санҷишӣ андактар муайян мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар Ҷоми Иттиҳод-2016 мунтахаби ҷавонони мо дар гурӯҳи «В» баромад мекунад. Рақибони даста мунтахабҳои ҷавонони Россия, Эстония ва Латвия мебошанд.

 

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ҷамъомади дуюми омӯзишӣ-машқӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Эмомалӣ Сониев («Барқи тоҷик»), Шаҳром Исмоилов, Беҳрӯз Хайриев (ҳар ду аз «Вахш»);

Муҳофизон: Алишер Шарипов, Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Азимов (ҳар се аз «Регар-ТадАЗ»), Соҳиб Ҳакимов («Хуҷанд»), Наврӯз Абдул, Зиёвуддин Фузайлов (ҳар ду аз «Истиқлол»), Табрези Давлатмир («Вахш»);

Ниммуҳофизон: Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарипов, Фирӯз Қараев (ҳама аз «Регар-ТадАЗ»), Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов (ҳар ду аз «Истиқлол»), Эҳсони Панҷшанбе («Вахш»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Амирбек Ҷӯрабоев (бе даста);

Ҳамлагарон: Шаҳром Сулаймонов («Рубин»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Фирӯз Раҳматов («Барқи тоҷик»).

Добавить комментарий