Витсе-чемпиони Тоҷикистон «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар марҳилаи пешакии Ҷоми КФО-2016 дар бозии плей-офф барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 бо бошгоҳи футболи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин рақобат мекунад. Бозӣ рӯзи 9 феврали соли оянда дар Фаластин баргузор мешавад. Дар сурати ғолиб шудан, дастаи соҳили Сирдарё ба гурӯҳи «D»-и мусобиқа ҳамроҳ мешавад.
Дар бозиҳои дигари плей-оффи ин мусобиқа «Ал-Халид»-и Баҳрайн дар майдони худ бо «К-Электрик»-и Покистон, «Триполи»-и Лубнон бо «Олой»-и Қирғизистон ва «Ал-Ваҳда»-и Сурия бо дастаи ҷои дуюми чемпионати Туркманистон рӯбарӯ мешаванд.
Ҳаминро қайд мекунем, ки «Истиқлол»-и Душанбе, ки имсол то финали Ҷоми КФО расид, дар мавсими нави ин сабқати байналмилалӣ баромадашро аз марҳилаи гурӯҳӣ оғоз мекунад. Ба ғайр аз «Истиқлол», баромадро аз марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар минтақаи «Ғарб» бошгоҳҳои футболи «Нафит Ал-Васат» ва «Эйр Форс»-и Ироқ, «Ал-Веҳдат» ё «Ал-Ҷазира» (дар сурати ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО роҳ ёфтани «Ал-Веҳдат») ва «Ал-Файзалӣ»-и Урдун, «Ал-Оруба» ва «Фанджа»-и Уммон, «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Ал-Аҳад»-и Лубнон, «Ал-Ҷайш»-и Сурия, «Ал-Дхариа»-и Фаластин ва «Алтин Асир»-и Туркманистон шуру мекунанд. Чор дастаи марҳилаи плей-офф ба ин дастаҳо ҳамроҳ мешаванд. Ба ин тартиб 16 даста чор квартети чор дастагиро ташкил мекунанд.
Дар минтақаи «Шарқ”-и Ҷоми КФО-2016 бозиҳои марҳилаи плей-офф доир намешаванд. 16 дастаи ин минтақа аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ гурӯҳҳои «E», «F», «G» ва «H»-ро ташкил медиҳанд. Инҳо бошгоҳҳои футболи «Китчи» и «Саут Чайна» (ҳар ду аз Ҳонконг), «Янгон Юнайтед» ё «Яданарбон» (дар сурати ба марҳилаи гурӯҳии лигаи чемпинҳо роҳ ёфтани «Янгон Юнайтед») ва «Айеявади» (ҳар ду аз Мянма), «Ҷаҳор Дарул Такзим»-и Малайзия, «Мохун Баган» ва «Бенгалуру» (ҳар ду аз Ҳиндустон), «Тампинес Роверс» ё «Уорриорс» ва «Балесте Халса» (ҳар ду аз Сингапур), «Ню Радиант» ва «Мазия» (ҳар ду аз Молдив), «Тсерес» ва «Кайя» (ҳар ду аз Филиппин), «Лао Тойота» (Лаос) ва «Шайх Ҷамал Дханмонди» (Бангладеш) мебошанд. Боз як дастаи иштирокчӣ дар минтақаи «Шарқ» дастаи ҷои дуюми Малайзия мешавад.
Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 рӯзи панҷшанбеи 10 декабр дар Куала-Лумпури Малайзия доир мегардад.
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар мӯҳлатҳои зерин мегузаранд: 23-24 феврал (даври 1-ум), 8-9 март (даври 2-юм), 15-16 март (даври 3-юм), 12-13 апрел (даври 4-ум), 26-27 апрел (даври 5-ум) ва 10-11 май (даври 6-ум).
Бозиҳои марҳилаи 1/8 финалӣ рӯзҳои 24-25 май, бозиҳои чорякфиналӣ – 13-14 сентябр (бозиҳои якум) ва 20-21 сентябр (бозиҳои ҷавобӣ), бозиҳои ниманиҳоӣ – 27-28 сентябр (бозиҳои якум) ва 18-19 октябр (бозиҳои ҷавобӣ) доир мешаванд. Бозии финалии Ҷоми КФО-2016 рӯзи 5 ноябр баргузор хоҳад шуд.