Чемпиони дукаратаи мамлакат, бошгоҳи футболи «Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷии чемпионати имсолаи Тоҷикистон шуд. Дар бозии даври ҷамъбастии чемпионати имсолаи футболи кишвар футболбозони кӯлобӣ дар майдони худ бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуда, медалҳои биринҷии мусобиқаро соҳиб шуданд. Голҳои «Равшан»-ро дар ин бозӣ легионерҳои даста- ниммуҳофиз Акуффо Гершон аз Гана ва ҳамлагар Ҳусейни Сӯҳробӣ аз Эрон ба самар расонданд.
Баъди ин ғалаба «Равшан» бо касби 34 имтиёз дар ҷадвали чемпионат зинаи сеюмро ишғол кард. «Регар-ТадАз» бошад бо 30 имтиёз дар байни чор дастаи беҳтарини чемпионати имсолаи кишвар ҷойгир шуд.
«Истиқлол»-и Душанбе, ки пешакӣ унвони чемпиони Тоҷикистонро барои бори чорум соҳиб шуд, дар доираи даври ҷамъбастии бозиҳои чемпионати имсола, дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд бо соҳибони майдон рӯбарӯ гашт. Бозӣ бо бартарии пурраи футболбозони «Истиқлол» сурат гирифта, бо ҳисоби калони 7 бар 1 ба фоидаи онҳо анҷом ёфт. Се голи «Истиқлол»-ро Манучеҳр Ҷалилов, ду голро Бледа Родригес ва як голиро Дилшод Восиев ва Фатҳулло Фатҳуллоев заданд. Қобили қайд аст, ки легионери испаниягии «Истиқлол» Бледа Родригес голи 500-уми «Истиқлол»-ро ба ҳадаф расонд. Инро ҳам бояд гуфт, ки дар ин бозӣ дастаи соҳили Сирдарё тақрибан бо ҳайати дуюми худ вориди рақобат шуд. Бо сабаби пардохт нашудани моҳонаашон бозигарони ҳайати асосии «Хуҷанд» дар бозӣ муқобили «Истиқлол» ба майдон набаромаданд.
КМВА «Помир»-и Душанбе ҳам чемпионати имсолаи кишварро бо ғалаба анҷом кард. Дар қисми аввали вохӯрӣ бо ҳисоби минималии 1 бар 0 мағлуб шуда истода, дар қисми дуюм шогирдони Раҳматулло Фузайлов матонату қавииродагӣ зоҳир карда, ба дарвозаи «Хайр» се гол заданд. Ду голи мудофиачиёнро легионерии ганагии даста Айдох Наполеон ва як голро ҳамлагар Давронҷон Тухтасунов заданд.
«Барқи тоҷик»-и Душанбе низ дар даври ҷамъбастӣ ғолиб шуд. Барқчиён дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар «Далерон-Уротеппа» бо ҳисоби 3 бар 1 дастболо шуданд.
«Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар даври охирини чемпионат ғалабаи аввалин ва ягонаи худро соҳиб шуд. «Парвоз» дар майдони худ «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб карда, ғалабаи деринтизори худро ба даст даровард. Аммо ин ғалаба ҳам ҳавонавардонро наҷот дода натавонист. «Парвоз» мавсими имсолаи футболро дар зинаи охирони ҷадвали чемпионати Тоҷикистон ҷамъбаст кард.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 18
«ХУҶАНД» – «ИСТИҚЛОЛ» – 1:7
Голҳо: Дилшод Восиев, 18 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 24 (0:2). Бледа Родригес, 26 (0:3). Фатҳулло Фатҳуллоев, 37 (0:4). Фарҳод Тоҳиров, 44 – аз пеналти (1:4). Манучеҳр Ҷалилов, 47 (1:5). Бледа Родригес, 61 (1:6). Манучеҳр Ҷалилов, 65 (1:7).
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Илҳомҷон Раҳимов, Раҳматҷон Ҷумъабоев, Руслан Раҳматов, Шокир Зиёев (Шариф Шарипов, 41), Иқбол Воситзода, Икром Каримҷонов, Амирҷон Раҳимов (Ардашер Нешматов, 65), Ҷалол Деҳқонбоев (Фахриддин Умаров, 75), Ҳоҷибой Зиёев, Фарҳод Тоҳиров, Зариф Зарипов.
«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов (Хуршед Маҳмудов, 46), Бледа Родригес, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Умедҷон Шарипов, 46), Петро Ковалчук, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Зиёвуддин Фузайлов, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Парвизҷон Умарбоев, 46), Манучеҳр Ҷалилов.
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
Сардовар: Аъзам Буриев (Қӯрғонтеппа) – 8 хол.
Нозири бозӣ: Асрор Шораҷабов (Душанбе).
22 ноябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1200 тамошобинон.
«РАВШАН» – «РЕГАР-ТАДАЗ» – 2:1
Голҳо: Акуффо Гершон, 38 (1:0). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 50 (2:0). Комил Саидов, 72 (2:1).
«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Саидхони Амрохон, Мусо Содиқ, Акуффо Гершон (Сайдамири Сайдаҳмад, 90+2), Суннатулло Холов, Ҳусейни Сӯҳробӣ, Зокир Абдулхайров, Абдурасул Раҳмонов, Бенджамин Авуко, Бахтиёр Қаландаров (Шодибек Ғаффоров, 90+2), Наврӯз Рустамов.
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Далерҷон Тухтасунов, Ойбек Абдуғаффоров, Фаррух Чориев (Фарҳод Холбеков, 46), Бахтиёр Азимов, Расул Пайзов, Фаридун Шарипов (Акбар Бобомуродов, 63), Фирӯз Қараев, Нозим Бобоҷонов, Комрон Турсунов, Комил Саидов.
Огоҳонида шуданд: Зокир Абдулхайров, Мусо Содиқ («Равшан»), Фаррух Чориев, Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сунатулло Холов («Равшан»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) — 8,5 хол.
Нозири доварон: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Комиссари бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).
22 ноябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи Марказӣ. 15 000 тамошобинон.
КМВА «ПОМИР» – «ХАЙР» – 3:1
Голҳо: Сӯҳроб Ашӯров, 32 (0:1). Давронҷон Тухтасунов, 47 – аз пеналти (1:1). Андох Наполеон, 55 (2:1). Андох Наполеон, 66 (3:1).
КМВА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Павел Калугин, Фурӯғ Қодиров, Алишер Холмуродов, Фирдавс Чақалов, Сайёди Ковусшо, Парвиз Кашкаров (Комилҷон Ҷабборов, 85), Шамсиддин Қосимов, Андох Наполеон, Рустам Толибов (Киромиддин Абдуалимов, 77), Давронҷон Тухтасунов.
«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Идибек Ҳабибуллоев, Далерҷон Шарипов, Фирӯз Шамсиев, Далер Имомназаров, Акмал Сабуров (Парвиз Ҳамидов, 65), Воҳид Соҳибназаров, Алишер Улмасов, Сӯҳроб Ашӯров, Муҳсин Парпиев, Меҳроҷидин Музаффаров.
Огоҳонида шуданд: Фирдавс Чақалов, Шамсиддин Қосимов, Парвиз Кашкаров, Павел Калугин (КМВА «Помир»), Алишер Улмасов, Далер Имомназаров («Хайр»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Парвиз Кашкаров (КМВА «Помир»).
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор) – 8,5 хол.
Нозири бозӣ: Султон Қосимов (Душанбе).
22 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 3000 тамошобинон.
«БАРҚИ ТОҶИК» – «ДАЛЕРОН» – 3:1
«ПАРВОЗ» – «ВАХШ» – 2:1
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 18 | 16 | 2 | 0 | 69-5 | 50 |
2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 18 | 12 | 3 | 3 | 34-21 | 39 |
3 | «Равшан» (Кӯлоб) | 18 | 10 | 4 | 4 | 37-26 | 34 |
4 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 18 | 9 | 6 | 3 | 31-14 | 33 |
5 | «Хайр» (Ваҳдат) | 18 | 8 | 5 | 5 | 21-26 | 29 |
6 | КМВА «Помир» (Душанбе) | 18 | 8 | 2 | 8 | 18-22 | 26 |
7 | «Барқи тоҷик» (Душанбе) | 18 | 4 | 2 | 12 | 17-32 | 14 |
8 | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 18 | 3 | 4 | 11 | 11-34 | 13 |
9 | «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) | 18 | 3 | 3 | 12 | 16-36 | 12 |
10 | «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) | 18 | 1 | 1 | 16 | 6-44 | 4 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 22 гол, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 18 гол, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 9 голӣ, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (КМВА «Помир») – 8 гол, Комрон ТУРСУНОВ («Регар-ТадАЗ») – 7 гол.