Дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии «Гузариш» байни дастаҳои футболи наврасони солҳои тавалудашон 1998 бахшида ба гиромидошти хотираи собиқадори футболи тоҷик, мураббии шоистаи Тоҷикистон Арнолд Михайлович Тер-Казарян бо ғалабаи наврасони пойтахт анҷом ёфт.
Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм баргузор шуд ва дар он шаш даста – мунтахабҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Суғд, Хатлон-1, Хатлон-2 ва НТМ ширкат карданд.
Дар мусобиқа дастаи футболи наврасони Душанбе-2 зери роҳбарии сармураббӣ Рустам Қурбонов ғолиб шуд. Шогирдони Рустам Қурбонов панҷ бозӣ гузаронида дар се бозӣ – ба Хатлон-2 (5:0), ба НТМ (1:0) ва ба Хатлон-1 (3:2) пирӯз шуданд. Як бозиро бо Душанбе-1 мусовӣ ва бидуни гол анҷом карда, дар як бозӣ аз Хатлон-1 бо ҳисоби 1 бар 2 мағлуб шуданд. Ба ин тартиб, дастаи Рустам Қурбонов аз 15 имтиёзи имкониятдошта 10 имтиёзро ба даст даровард ва ғолиби мусобиқа шуд.
Медалҳои нуқраи мусобиқаро дастаи Хатлон-1 бо 9 имтиёз соҳиб гардид. Ҷои сеюм ва медалҳои биринҷии мусобиқаро наврасони вилояти Суғд ба даст дароварданд. Наврасони суғдӣ ҳам 9 имтиёзро соҳиб шуданд, аммо аз рӯи натиҷаи бозии байниҳамдигарӣ (2:1) наврасони хатлонӣ пеш меистанд.
Иқбол Воситзода аз дастаи Суғд, Муҳаммад Абдаков аз НТМ, Шаҳром Самиев аз Душанбе-2, Султон Мирзоев аз Душанбе-1, Насим Исоев аз Хатлон-2 ва Ҳомид Исоқов аз Хатлон-1 беҳтарин бозигарони дастаҳо дар мусобиқа эътироф шуданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷому медалҳо, диплому ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои қимматноки хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.