Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози мусобиқаи «Panda Cup 2026» бо Кореяи Ҷанубӣ мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози мусобиқаи «Panda Cup 2026» бо Кореяи Ҷанубӣ мусовӣ кард

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев нахустин бозии худро дар мусобиқаи байналмилалии «Panda Cup International Youth Football Tournament Chengdu 2026», ки дар шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷараён дорад, анҷом дод.

Дар бозии аввал футболбозони ҷавони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Кореяи Ҷанубӣ рақобат карда, вохӯриро бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расониданд. Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро ҳамлагар Муҳаммад Назриев дар дақиқаи 47-уми бозӣ аз зарбаи ҷаримавии 11-метра ба самар расонид.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур боз ду рақобати дигар анҷом медиҳад. 14 ноябр дастаи мо бо мунтахаби Чин ва 17 ноябр бо ҳамсолони худ аз Ветнам рақобат мекунад.

Назари худро бинависед