Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро дар Душанбе ба анҷом расонд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро дар Душанбе ба анҷом расонд

Тими миллии Тоҷикистон ҷамъомади дурӯзаи таълимию тамриниро дар Душанбе дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026», ки дар Тайланд баргузор мешавад, ба анҷом расонд.

Тамринҳои дуюми даста дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе зери борони шадид гузашт. Аз миёни футболбозоне, ки ба ҷамъомади моҳи ноябр даъват шудаанд, ҳоло танҳо дарвозабон Рустам Ятимов бинобар осеби начандон ҷиддӣ дар тамринҳо иштирок намекунад ва барқароршавии худро идома медиҳад.

Нисфирӯзии 11 ноябр мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Сисакет сафар мекунад ва дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» иштирок хоҳад кард. Дар бозии ниманиҳоӣ, ки 14 ноябр баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Уммон рақобат мекунад.

Назари худро бинависед