Мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «King’s Cup 2026»-ро оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «King’s Cup 2026»-ро оғоз кард

Тими миллии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъ омада, омодагиро ба мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026», ки рӯзҳои 14-19 ноябр дар шаҳри Сисакети Тайланд баргузор мешавад, оғоз кард.

Машқҳои имрӯзаи дастаи мунтахаб дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. То сафар ба Тайланд, ки 11 ноябр дар назар аст, мунтахаби Тоҷикистон боз як тамрини дигарро дар Душанбе анҷом медиҳад.

Рӯзи чоршанбе даста тавассути хатсайри Алмаато ба Сисакет сафар карда, дар мусобиқаи «King’s Cup 2026» иштирок хоҳад кард.

Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон як тағйирот ба амал омад. Нимҳимоятгари дастаи «Ҳосилот»-и Фархор Салоҳиддин Иргашев бар асари ҷароҳат дар ҷамъомади моҳи ноябр ширкат карда наметавонад. Ба ҷойи ӯ футболбози «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Азизбек Ҳаитов ба ҳайати мунтахаб даъват гардид.

Назари худро бинависед