Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Ангеловский ҳайати ниҳоии дастаро барои иштирок дар 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup-2026», ки аз 14 то 19 ноябр дар шаҳри Сисакети Тайланд баргузор мешавад, эълон кард.
Ба ҳайати яккачини Тоҷикистон 24 футболбоз шомил шудаанд, ки аз онҳо 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар мебошанд.
Дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқаи «King’s Cup-2026» дастаи миллии Тоҷикистон бо тими Уммон, ки дар раддабандии кунунии ФИФА мақоми 81-умро ишғол мекунад, рақобат менамояд. Дар бозии дигари даври нимниҳоӣ мунтахабҳои Тайланд ва Бруней бо ҳам вомехӯранд. Вохӯриҳои нимниҳоӣ рӯзи 14 ноябр дар варзишгоҳи музофотии Сисакет баргузор мешаванд.
Ғолибони рақобатҳои нимниҳоӣ ба финал роҳ ёфта, мағлубшудагон барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқаи «King’s Cup-2026» рӯзи 17 ноябр доир мегарданд.
