Имрӯз, 4 ноябр Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рашид Ал-Амирӣ ба дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарияти ФФТ мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ва котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов иштирок намуданд.
Зимни суҳбати самимӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Кувайтро дар соҳаи футбол баррасӣ карданд. Аз ҷумла, масъалаи баргузории бозиҳои дӯстона миёни мунтахабҳои миллии ҳар ду кишвар дар синну соли гуногун мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ, татбиқи ташаббусҳои муштарак ҷиҳати рушди футбол ва таҳкими робитаҳои варзишӣ миёни ду кишвар изҳор доштанд.