Имрӯз, 3 ноябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои мураббиёни Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сармураббиёни дастаҳои мунтахаби кишвар аз фаъолияти анҷомдодаи худ ҳисобот пешниҳод карданд.
Дар ҷаласа котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов, директори техникӣ Увайдо Давлатбеков, раиси Шӯрои мураббиён Салоҳиддин Ғафуров, директорони лигаҳои гуногуни футбол, роҳбари раёсати дастаҳои мунтахаби ФФТ, инчунин сармураббиёни мунтахабҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа ҳисоботи мураббиён шунида шуд. Аз ҷумла, Мубин Эргашев (мунтахаби олимпии U-23), Рустам Хоҷaев (мунтахаби ҷавонон U-20), Нуъмонҷон Юсупов (мунтахаби наврасон U-15) ва Пайрав Воҳидов (мунтахаби футзал) дар бораи фаъолияти анҷомдода муфассал маълумот дода, нақшаҳои омодагии дастаҳои худро барои соли оянда пешниҳод карданд.
Ба дастовардҳои мунтахабҳои Тоҷикистон дар соли 2026 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз рӯйи натиҷаи баромадҳо се даста – тими миллии асосӣ, мунтахаби ҷавонон (U-20) ва мунтахаби наврасон (U-17) – роҳхати марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027-ро ба даст оварданд. Ҳамзамон, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори чорум дар таърихи худ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт.
Соли 2027 як қатор мунтахабҳои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои муҳими байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) моҳҳои март-апрел дар Ҷоми Осиё-2027 дар Чин ҳунарнамоӣ мекунад. Мунтахаби наврасон (U-17) бошад, моҳи май дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Моҳи июн тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои CAFA-2027 ширкат меварзад. Моҳи сентябр даста муборизаро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2030 оғоз карда, дар охири моҳи декабр дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар Арабистони Саудӣ иштирок мекунад.
Илова бар ин, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) моҳи июн барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2028 мубориза мебарад. Тими миллии футзали Тоҷикистон бошад, моҳи сентябр рақобатро барои ба даст овардани роҳхати қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2028 оғоз мекунад.
Мунтахабҳои занонаи Тоҷикистон низ дар марҳилаҳои интихобии Ҷоми Осиё-2028 оид ба футзал ва Ҷоми Осиё-2028 миёни мунтахабҳои занона (U-20) иштирок хоҳанд кард.
Ҳамзамон, соли оянда дастаҳои гуногуни Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар анҷоми ҷаласа иштирокдорон оид ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи мунтахабҳои Тоҷикистонро муайян карданд.