Тими миллии футзали Тоҷикистон бо мунтахаби Ӯзбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии футзали Тоҷикистон бо мунтахаби Ӯзбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 оид ба футзал, дастаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи ноябр ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ҳарифи дастаи Тоҷикистон тими миллии Ӯзбекистон хоҳад буд. Вохӯриҳо рӯзҳои 8 ва 10 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.

Барои бозиҳои дарпешистода сармураббӣ Пайрав Воҳидов ба ҳайат 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонро даъват кардааст.

Назари худро бинависед