Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 тими миллии Тоҷикистон бо яккачини Фаластин бозии дӯстона анҷом дод.
Вохӯрӣ имрӯз, 28 сентябр дар варзишгоҳи «Tongliang Long Stadium»-и шаҳри Чунтсини Чин баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 ба нафъи мунтахаби Фаластин ба анҷом расид. Голҳои дастаи моро Шериддин Бобоев ва Нозим Бобоҷонов ба ҳадаф расониданд.
Бозии навбатии мунтахаби Тоҷикистон муқобили дастаи Чин 6 октябр дар шаҳри Чунтсини Чин доир хоҳад шуд.