Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Боку бо тими миллии Озарбойҷон бозии дӯстона анҷом дод.
Вохӯрӣ имрӯз, 23 сентябр дар варзишгоҳи «Palms Sports Arena»-и шаҳри Боку баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Бозии дӯстонаи навбатии мунтахаби миллии Тоҷикистон муқобили тими Фаластин баргузор мешавад. Ин вохӯрӣ рӯзи 28 сентябр дар шаҳри Чунтсини Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегардад.