35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК! – Федерация Футбола Таджикистана

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи ҳамватанонро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд.

Ба шарофати ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо барои рушди соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба рушди инфрасохтори футбол, омодасозии бозигарони ҷавон ва дастгирии дастаҳои мунтахаби миллӣ ва бошгоҳҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Футболи тоҷик ба таври назаррас рушд намуда, ба дастовардҳои нав ноил мегардад ва сол ба сол Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ сазовор муаррифӣ мекунад. Бигзор футболбозони мо минбаъд низ мухлисонро бо пирӯзиҳои дурахшон шод намуда, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоранд!

Ба Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сулҳу субот, ободӣ, пешрафт ва дастовардҳои нав орзу менамоем! Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад ва пирӯзиҳои варзишӣ ҷавонони моро муттаҳид ва илҳом бахшанд!

 

Назари худро бинависед