Дар Хуҷанд ва Бохтар семинар оид ба рушди истеъдодҳо ва ҷорӣ намудани методикаи ягонаи омодасозии футболбозон баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Хуҷанд ва Бохтар семинар оид ба рушди истеъдодҳо ва ҷорӣ намудани методикаи ягонаи омодасозии футболбозон баргузор шуд

Тибқи нақшаи раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар дар доираи лоиҳаи «FIFA Talent Development Scheme» (TDS) барои мураббиёни дастаҳои кӯдакону наврасон семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд. Ҳадафи асосии чорабиниҳо рушди футболбозони ҷавон ва ҷорӣ намудани методикаи ягонаи омодасозии бозигарон мебошад.

Семинарҳоро директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков, сардори шуъбаи таҳлил ва методологияи департаменти техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров ва мураббии FIFA оид ба рушди истеъдодҳо Грег Бриттон баргузор намуданд.

Дар ҷараёни семинарҳо натиҷаҳои таҳлили бозиҳои Лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» ва ҳамчунин баромади дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми ҷаҳон-2025, ки дар Қатар баргузор шуд, мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд. Иштирокчиён инчунин тамоюлҳои муосири футболи ҷаҳон, талаботи асосӣ ба омодасозии бозигарон ва роҳҳои такмили низоми рушди истеъдодҳоро дар кишвар муҳокима карданд.

Назари худро бинависед