«Соро компания» бори панҷум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гардид – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» бори панҷум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гардид

Дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе бори панҷум дар таърихи худ соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд.

Дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2026 шогирдони Пайрав Воҳидов бар дорандаи Ҷоми Тоҷикистон – дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд. Вохӯрӣ рӯзи 28 июн дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Голҳои «Соро компания»-ро Ҳуго Кардозо, Эрилсон Руан, Самандар Ризомов ва Идрис Ёров ба самар расониданд. Аз ҳайати «Сипар» бошад, Иқбол Воситзода, Муҳаммад Шарипов ва Марко Антонио муаллифи гол шуданд.

Дарвозабони эронии дастаи «Соро компания» Саид Торабиде беҳтарин бозигари вохӯрӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2026 эътироф гардид.

 

Назари худро бинависед