Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа чемпиони Тоҷикистон «Истиклол»-и Душанберо ба муносибати соҳиб шудан ба медалҳои нуқраи Ҷоми КФО-2015 муборакбод намуд.
«Аз номи Конфедератсияи футболи Осиё бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистонро барои ишғоли ҷои дуюм ва ба даст даровардани медалҳои нуқраи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё самимона муборакбод мекунам. Роҳбарият, ситоди мураббиён, бозигарон ва ҳайати хизматрасони бошгоҳи футболи «Истиқлол» дар соли нахустини иштирокашон дар мусобиқа, барои баромадан ба финали Ҷоми КФО сазовори эҳтирому тавсиф ҳастанд.
«Истиқлол» қаблан дар Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё низ бомуваффақият баромад кардааст. Баромади бомуваффақияти «Истиқлол» дар соли дебютантияш дар Ҷоми КФО аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рушду инкишофи футбол дар малакат таваҷҷӯҳи лозима зоҳир карда мешавад.
Ҳамчун президенти Конфедератсияи футболи Осиё кӯшишу ғайрати шуморо барои рушду инкишофи футбол дар Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамоям»,- гуфта мешавад дар номаи президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳи Ал-Халифа, ки ба унвони Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ирсол шудааст.