Лигаи футболи Тоҷикистон муҳлати ниҳоии қабули дархостҳоро барои мавсими 2026 муқаррар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи футболи Тоҷикистон муҳлати ниҳоии қабули дархостҳоро барои мавсими 2026 муқаррар кард

Лигаи футболи Тоҷикистон ҷадвали бақайдгирӣ ва қабули дархостҳоро барои бозигарони бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва якум ҷиҳати иштирок дар мавсими 2026 тасдиқ кард. Давраи қабули дархостҳо аз 25 феврал то 5 март давом мекунад.

35-умин чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар ду марҳила бо ширкати дувоздаҳ даста сурат мегирад. Мусобиқа 6 март оғоз мешавад.

Мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистон-2026 аввали моҳи апрел шуруъ мегардад.

Назари худро бинависед