Дастаҳои Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 ошно шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаҳои Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 ошно шуданд

Пеш аз оғози мавсими нави футбол Федератсияи футболи Тоҷикистон якҷоя бо Лигаи футболи кишвар дар шаҳри Душанбе семинари махсус барои дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум баргузор кард.

Дар ин ҷамъомади таълимӣ, ки дар меҳмонхонаи «Румӣ» доир шуд, сармураббиён ва мураббиёни дастаҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон, инчунин бозигарон ва масъулони бошгоҳҳо ҷамъ омаданд.

Семинарро дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё аз Ӯзбекистон Владислав Сейтлин гузаронд.

Ҳадафи асосии ҷамъомади мазкур шарҳ додани тағйирот дар қарорҳои доварӣ ва шинос кардани иштирокчиёни чемпионати Тоҷикистон бо иловаҳое мебошад, ки аз мавсими 2026 эътибор пайдо мекунанд.

 

Дар семинар мавзӯъҳҳои зерин муфассал шарҳ дода шуданд:

▪️ Меъёрҳои навшудаи қабули қарорҳои доварон;

▪️ Раванд ва тартиби истифодаи системаи VAR;

▪️ Тафсирҳои нави лаҳзаҳое, ки бозии дағалона, бозӣ бо даст ва офсайдро дар бар мегиранд;

▪️ Талабот барои рафтори шахсони расмии дастаҳо дар минтақаи техникӣ.

 

Владислав Сейтлин маърӯзае пешниҳод кард, ки дар он лаҳзаҳои бозӣ дар асоси наворҳои видеоӣ таҳлил шуда буданд. Мисолҳои мушаххас барои нишон додани вазъиятҳои эҳтимолии бозӣ ва шарҳ додани меъёрҳое, ки доварон дар мавсими нав истифода хоҳанд бурд, пешниҳод гардиданд.

Намояндагони бошгоҳҳои Тоҷикистон низ ба суолҳои худ посухи мушаххас гирифтанд.

Назари худро бинависед