Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонон ба анҷом расид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонон ба анҷом расид

Дар Душанбе курсҳои панҷрӯза барои мураббии дарвозабонон, ки аз ҷониби раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил гардид, ба анҷом расиданд.

Машғулиятҳо аз 9 то 13 феврал дар меҳмонхонаи «Таҷ Палас»-и шаҳри Душанбе баргузор шуданд. Дастурдиҳандаҳои он мураббии дарвозабонони тими миллии Тоҷикистон Алишер Тӯйчиев, мутахассисони Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров ва Субҳон Хоҷамов буданд.

Чунин курсҳо барои такмили маҳорати дарвозабонон муҳиманд. Барнома дарсҳои назариявӣ ва амалиро дар бар мегирифт, ки дар онҳо иштирокчиён равишҳои муосири ташкили раванди тамрин, хусусиятҳои омодагии ҷисмонӣ ва равонии дарвозабонон ва усулҳои таҳлили вазъиятҳои бозиро омӯхтанд.

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори техникии ФФТ Увайдо Давлатбеков дар маросими ҷамъбастӣ ширкат варзида, иштирокчиёнро бо анҷоми бомуваффақияти курсҳо табрик гуфтанд. Онҳо сатҳи баланди ташкили курсҳоро қайд карда, изҳори итминон намуданд, ки дониш ва малакаи андӯхтаро дар кори оянда бо дарвозабонони синну соли гуногун самаранок истифода хоҳанд бурд.

Назари худро бинависед