Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё- 2025/26 таъйин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё- 2025/26 таъйин шуд

Дастаи доварон аз Тоҷикистон ба бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё- 2025/26 таъйинот гирифтанд.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло довари марказии бозии байни дастаҳои «Ал-Завраа» (Ироқ) ва «Ал-Васл» (АМА) таъйин шуд, ки рӯзи 10 феврал баргузор мешавад.

Ёвари доварони ФИФА Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов ёвари довар интихоб шуданд. Довари ФИФА Насрулло Кабиров довари чорум мешавад.

Фирдавс Норсафаров аз Ӯзбекистон довари VAR ва Абдулло Давлатов аз Тоҷикистон ёвари VAR хоҳанд буд.

 

Назари худро бинависед