Як моҳ пеш аз оғози мавсими нави футбол дар «Кохи Парфенон»-и Душанбе маросими қуръакашии бозиҳои Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
Дувоздаҳ бошгоҳ дар 35-умин чемпионати Тоҷикистон, ки расман 6 март оғоз мешавад, иштирок мекунанд.
Мавсими нав дар ду марҳила баргузор мешавад ва ҳар як даста бо ҳар як рақиб ҳам дар хона ва ҳам дар сафар бозӣ мекунад. Дар доираи чемпионат ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки дар мавсими 2026 ҷойи охиринро мегирад, ба лигаи якум меафтад. Бошгоҳе, ки дар зинаи 11-ум қарор мегирад, бо дастаи дуюми лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
Дар маросими қуръакашӣ меҳмонони зиёд ширкат варзиданд. Қуръакаширо собиқ бозигарони машҳури дастаи миллии Тоҷикистон Юсуф Рабиев ва Ҷамшед Исмоилов гударониданд.