5 феврал дар «Кохи Парфенон»-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешавад. Чорабинӣ соати 10:00 оғоз мегардад.
Дар 35-умин чемпионати Тоҷикистон дувоздаҳ бошгоҳ иштирок мекунад – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Вахш» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ», «Сардор» (ҳарду аз Турсунзода), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд).
Мавсими нав дар ду марҳила сурат гирифта, ҳар як даста бо ҳар рақиб ҳам дар хона ва ҳам дар сафар бозӣ мекунад. Дар натиҷа ҳар як бошгоҳ дар доираи чемпионат 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 ҷойи охиринро мегирад, ба лигаи якум меафтад. Бошгоҳе, ки зинаи ёздаҳумро ишғол менамояд, бо дастаи дуюми лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.
Оғози мавсими нави Лигаи олии Тоҷикистон 6 март ба нақша гирифта шудааст.