Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва роҳбари Клуби футболи «Сардор»-и шаҳри Турсунзода Нодирбек Мадраҳимов дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода мулоқоти корӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, иштирок намуда, Клуби футболи «Сардор»-и Турсунзодаро барои ишғоли ҷойи дуюм дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум, инчунин ғалаба дар бозиҳои гузаришӣ ва баромадан ба ҳайати дастаҳои Лигаи олии кишвар табрик намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои футболӣ дар шаҳри Турсунзода, аз ҷумла футболи клубӣ ва иштироки КФ «Сардор»-и Турсунзода, баррасӣ гардида раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода баён дошатанд, ки роҳбарияти шаҳр ба КФ «Сардор» дар доираи имкониятҳои мавҷуда кӯмак хоҳад кард.
Дар ҳошияи мулоқоти мазкур, роҳбари клуб соҳибкори ватандусту футболдуст Нодирбек Мадраҳимов барои иштироки КФ «Сардор»-и Турсунзода дар Лигаи олӣ, омодагӣ дида, баён дошатанд, ки ҷиҳати таҳияи нақшаи фаъолияти клуб дар мавсими футболи соли 2026, тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.