Дар шаҳри Душанбе мулоқоти кории роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо намояндагони дастаҳои наврасон ва мактабҳои футболи хусусӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа меъёрҳои ифтитоҳ ва фаъолияти мактабҳои футболи хусусӣ, инчунин беҳтар кардани сифати таълими футболбозони наврас баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Искандар Ҷалилов, директори Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев иштирок карданд.
Қайд карда шуд, ки рушди футболи наврасон яке аз самтҳои афзалиятноки ФФТ буда, таваҷҷуҳи махсус ба зарурати татбиқи стандартҳо ва талаботи ягона барои ҳамаи мактабҳои футбол, новобаста аз моликият зоҳир карда мешавад.
Роҳбарияти ФФТ меъёрҳои асосии ифтитоҳи мактабҳо ва академияҳои футболро чунин муайян кард:
– Бақайдгирии давлатӣ;
– Инфрасохтори мувофиқ ва шароити бехатари тамрин;
– Ҳайати мураббиёни соҳибихтисос бо иҷозатномаҳои эътиборнок;
– Барномаҳои таълимӣ-тамринӣ ва методологии тасдиқшуда;
– Таъминоти тиббӣ ва ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон;
– Иштироки ҳатмӣ дар мусобиқаҳои ФФТ ва ЛФКНТ.
Махсусан таъкид гардид, ки фаъолияти мактабҳои хусусӣ таҳти назорати доимии ФФТ қарор гирифта, раванди иҷозатномадиҳӣ ва мониторинг мунтазам ва шаффоф хоҳад буд.
Дар рафти муҳокима намояндагони мактабҳои футбол саволҳои худро иброз намуда, пешниҳодҳоро гуфтанд ва мушкилоти мавҷударо муайян карданд. Роҳбарияти ФФТ омодагии худро барои муколамаи ошкоро ва ҳамкории созанда бо бахши хусусӣ барои рушди футбол иброз намуд.
Пас аз ҷаласа қайд карда шуд, ки чунин вохӯриҳо мунтазам баргузор мешаванд ва ҳамаи мактабҳои футбол бояд фаъолияти худро ба низомнома ва стандартҳои амалкунандаи Федератсияи футболи Тоҷикистон мутобиқ созанд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон минбаъд низ барои таҳияи системаи ягона ва муассири омодасозии футболбозони наврас, ки ба рушди футбол ва таҳияи захираҳо барои дастаҳои миллӣ нигаронида шудааст, кор хоҳад кард.