Дастаи «Рахш»-и Восеъ ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи «Рахш»-и Восеъ ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 гардид

Қисмати ниҳоии лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Дастаи «Рахш»-и ноҳияи Восеъ дар бозии ниҳоӣ тими «Шоҳмансур»-и Душанберо шикаст дод.

Вақти асосии рақобати финалӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Баъдан «Рахш» дар силсилаи пеналти бо ҳисоби 8:7 пирӯз шуд. Ҳамин тариқ, дастаи ноҳияи Восеъ ғолиби қисми ниҳоии лигаи дуюм дар мавсими-2025 шуд.

Барои ҷойи сеюми мусобиқа «Ҷиликӯл» бо боварӣ «Гулистон»-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, муовини якуми раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва сардори шуъбаи баргузории мусобиқаҳои ЛФТ Суҳроб Ҳамидов ширкат варзиданд.

Пас аз натиҷаи марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои лигаи дуюм «Рахш» (Восеъ), «Шоҳмансур» (Душанбе) ва «Ҷиликӯл» (Дӯстӣ) ба раванди иҷозатномадиҳии Лигаи якум шомил карда мешаванд. Пас аз анҷоми бомуваффақияти тартиби ҳатмӣ, онҳо ҳаққи иштирок дар чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи якумро дар мавсими-2026 пайдо мекунанд.

Назари худро бинависед