Дар Тоҷикистон давраи курсҳои мураббигии «Pro» – ки сатҳи баландтарин дар таълими мураббигӣ мебошад, ба анҷом мерасанд.
Довталабон аз 9 то 14 октябр дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҷрибаомӯзӣ гузаштанд. Дар ҷараёни ин таҷрибаомӯзӣ онҳо имкон пайдо карданд, ки на танҳо бо раванди тамрини тими миллии кишвар ошно шаванд, балки кори ҳайати мураббиёнро ҳангоми омодагӣ ба бозиҳои расмӣ мушоҳида кунанд.
Давраи таҷрибаомӯзӣ бо ду бозии тими миллии Тоҷикистон муқобили яккачини Малдив дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 (2:0 ва 3:0) рост омад. Бозии аввал 9-уми октябр дар Ҳисор ва бозии дуюм 14 октябр дар Мале баргузор шуд.
Акнун, пас аз ба итмом расидани марҳилаи амалӣ, довталабон имтиҳони охиринро, ки моҳи ноябр баргузор мешавад, месупоранд.