ҶҶ-2018: ғалабаи Қирғизистон бар Урдун, шикасти Бангладеш аз Австралия – Федерация Футбола Таджикистана

ҶҶ-2018: ғалабаи Қирғизистон бар Урдун, шикасти Бангладеш аз Австралия

Рӯзи 17 ноябр дар Осиё бозиҳои даври ҳаштуми марҳалаи интихобии ҶҶ-2018 доир шуданд. Дар гурӯҳи «В», ки мунтахаби миллии Тоҷикистон дар он баромад дорад, мунтахаби Қирғизистон дар майдони худ бар пешсафи ҷадвали гурӯҳ мунтахаби Урдун бо ҳисоби минимали 1 бар 0 пирӯз шуд. Мунтахаби Австарлия бошад, дар сафар тими миллии Бангладешро бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 шикаст дод.

Баъд аз ин давр, дар ҷадвали гурӯҳ тағийрот ба амал омад. Австаралия бо 15 имтиёз ба зинаи аввал баромад. Мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз дар мақоми дуюм қарор дорад. Қирғизистон, ки 11 имтиёз дорад, зинаи сеюми ҷадвалро ишғол мекунад. Тоҷикистон бо панҷ имтиёз дар ҷои чорум ва Бангладеш, ки ҳамагӣ як имтиёз дорад, дар зинаи аз ҳама охири ҷадвал қарор дорад.

Бозиҳои боқимондаи марҳилаи дуюми интихобӣ дар гурӯҳи «В» соли оянда доир мешванд. Мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз ҳам барои дар ҷадвали гурӯҳ ҷои сеюмро ишғол кардан имконият дорад. Барои ин ба дружинаи Мубин Эргашев лозим аст, ки рӯзи 24 март дар сафар бар Австралия ва рӯзи 29 март дар майдони худ бар Қирғизистон ғолиб шавад.

 

ҶҶ-2018. Марҳалаи дуюми интихобӣ

Гурӯҳи «В». 8-й тур

Бангладеш – Австралия – 0:4

Қирғизистон – Урдун – 1:0

Б Ғ М Б Т И
1 Австралия 6 5 0 1 17-3 15
2 Урдун 6 4 1 1 12-2 13
3 Қирғизистон 7 3 2 2 9-8 11
4 ТОҶИКИСТОН 6 1 2 3 9-12 5
5 Бангладеш 7 0 1 6 2-24 1

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 9

24 март (панҷшанбе)

Австралия — ТОҶИКИСТОН

Урдун — Бангладеш

Даври 10

29 март (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Австралия — Урдун

Добавить комментарий